Гумрукчиён аз вуруди ғайриқонунии маснуоти заргарӣ ҷилавгирӣ намуданд
Душанбе, 28.03.2016.(АМИТ «Ховар»).- Кормандони дидбонгоҳи гумрукии «Майдони ҳавоӣ» -и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе аз воридоти ғайриқонунии маснуоти заргарӣ дар ҳаҷми 16 килограмму 254 грамм дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷилавгирӣ намуданд.
Аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки зимни гузаронидани чорабинӣ дар толори воридшавии мусофирони хатсайри №114 самти Истанбул- Душанбе ҳангоми аз таҷҳизоти рентгенӣ бо мақсади муоина гузаронидани бағоҷи дастии №0254 ТК, ки ба номи шаҳрванд С.Ш сабт шуда буд, муайян гардид, ки дар дохили он маснуоти заргарӣ ҳаст. Баъдан барои гирифтани бағоҷ ба ҷои шаҳрванд С. Ш. соҳибкори инфиродӣ Ошурбекова Парвина Боймамадовна ба Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе муроҷиат намуд. Дар натиҷаи азназаргузаронӣ муайян гардид, ки дар бағоҷи Ошурбекова П.Б. маснуоти заргарӣ аз қабили овеза, занҷира ва маҷмӯи аз металли сафед сохташуда ба миқдори 2791 адад бо вазни 16, 254 грамм дарёфт гардида, мусодира шуд.
Нисбат ба соҳибкор парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи моддаи 580 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва баррасӣ гардид.
Маснуоти заргарӣ ба расмияти гумрукӣ дароварда шуда, пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи 58 769 сомонӣ ба буҷаи давлат супорида шуданд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






