Конфронси илмӣ бахшида ба 125- солагии академик С.И. Вавилов
Душанбе, 30.03.2016. (АМИТ «Ховар»). -Дар Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Душанбе Конфронси илмии хонандагон ва донишҷӯён дар мавзӯи саҳми академик С.И. Вавилов дар ташаккул ва рушди мактаби илмии оптикаи соҳаи физикаи СССР ва Русия бахшида ба 125- солагии физики барҷастаи Русия баргузор гардид.
Бино ба иттилои Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронс бо ташаббуси Маркази илм ва фарҳанги Русия дар Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар конфронс раиси Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Душанбе В.О. Курнушко, ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Саидмаҳмад Одинаев, номзади илмҳои биология С.Т. Благовешенская ва дигарон иштирок ва маърӯза намуданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






