Лоиҳаи «Сохтмони хатти интиқоли барқ ба МОИ «Данғара» ба тендер бароварда мешавад
Душанбе, 19.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — 19 марти соли равон дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Шўро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ Давлаталӣ Саид ҷаласаи чоруми ғайринавбатии Шўро баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа роҳбарият ва аъзои Шўро иштирок намуданд. Ба ҳайати Шўро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Шўро, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини раиси Шўро, аъзои Шўро – роҳбарони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Директори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» – котиби Шўро шомиланд.
Дар ҷаласаи Шўро масъалаи ба тендер баровардани лоиҳаи «Сохтмони хатти интиқоли барқ ба Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» мавриди баррасӣ гирифт.
Аз тариқи тендер амалӣ намудани лоиҳаи мазкур имконият медиҳад, ки шарики эҳтимолии хусусии беҳтарин интихоб гардида, шафофияти ҷараёни мазкур таъмин карда шавад.
Амалишавии лоиҳаи мазкур дар рушди инфрасохтори МОИ «Данғара» ва таъмини субъектҳои минтақа бо қувваи барқи доимӣ саҳмгузор буда, барои ҷалби бештари сармояи хориҷӣ мусоидат менамояд.
Аз рўи масъалаи мазкур ҳисоботи вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуда, лоиҳаи “Сохтмони хатти интиқоли барқ ба МОИ “Данғара” байни аъзои Шӯро мавриди муҳокимаи васеъ қарор гирифт.
Вобаста ба ин, Шӯро қарори дахлдор қабул намуд ва лоиҳаи мазкур минбаъд аз тариқи тендер амалӣ мешавад.








Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд
Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба фурӯш баровард
Душанбе мизбони Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» мегардад
Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид
Ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз 3 баробар зиёд гардидааст
Мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Зафаробод оғоз гардид
Бонки Осиёии Рушд механизми маблағгузории таҷдиди марзҳо ва мусоидат ба тиҷорат дар минтақаи ҲИМОМ-ро тасдиқ намуд






