Маросими ифтитоҳи шуъбаи нави байниноҳиявии АНМН дар Кӯлоб

Март 18, 2016 16:22

Кӯлоб, 18.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Барои пурзӯр намудани мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии кочоқи маводи мухаддир тавассути ноҳияҳои наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва мустаҳкам намудани ҳамкорӣ байни ду кишвар имрӯз дар шаҳри Кӯлоб маросими кушодашавии шуъбаи байни ноҳияв ии раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон, ки бо тарҳи наву замонавӣ сохта шудааст, баргузор гардид. Дар он директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Шерхон Салимзода, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон Юе Бин, намояндаи расмии Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии мардумии Чин, роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатии вилоятӣ ва маҳаллӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои кудратии вилоят иштирок намуданд.
Бинои маъмурии шуъбаи байниноҳиявии агентӣ дар шаҳри Кӯлоб мутобиқи аҳднома байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии мардумии Чин оид ба расонидани кумаки ройгон ва таҷҳизоти полис таъмир гардида, ба истифода дода шуд. Бинои мазкур аз 3 ошёна, 11 утоқи корӣ, ҳаммом, ошхона, таваққуфгоҳи нақлиётӣ ва маҷмааи варзишӣ иборат мебошад.
Ҳамчунин аз тарафи намояндагии Ҷумҳурии мардумии Чин ба раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари минтақаи Кӯлоб барои пурзӯр намудани хизмати софдилона ду нақлиёти хизматӣ такдим шуд.

Март 18, 2016 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд