Мусодираи қариб 10 кило маводи нашъадор
Душанбе, 18.03.2016. (АМИТ Ховар).- Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия дар бозори марказии ноҳияи Восеъ, сокини 32-солаи ноҳияи Ҳамадониро бо гумони даст доштан дар муомилоти ғариқонунии маводи нашъадор дастгир намуданд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз номбурда 1 баста, ки дар дохили он маводи нашъадори навъи ҳашиш, вазнаш 9 килою 570 граммро ташкил медод, дарёфт ва мусодира шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд






