Мусовии наврасони Тоҷикистон ва Қазоқистон
Душанбе, 19.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи кишварамон дар бозии дувуми дӯстона бо тими мунтахаби Қазоқистон(U-14) бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 вохӯриашонро дар варзишгоҳи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба анҷом расониданд. Ҳисобро дар дақиқаи 26-ум меҳмонон тавассути голи задаи Денис Красноперов боз карданд. Далер Ёдгоров ба голи задаи қазоқҳо ҷавоб гардонида, натиҷаро мусовӣ кард ва вохӯрӣ низ бо ҳамин натиҷа ба анҷом расид.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби то 16-солаи мамлакат дар бозии аввал ҳамтоёни худро аз Қазоқистон бо натиҷаи 2 бар 1 мағлуб карда буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






