Камол Насрулло: Наврӯз
Маънои ману намои ман Наврӯз аст!
Анвори раҳи раҳои ман Наврӯз аст!
Он махзани пур зи ганҷу симу зари ман,
Мероси ман аз ниёи ман Наврӯз аст!
Гар зинда ба сад ҳазор теғи захмам,
Дасти мададу давои ман Наврӯз аст!
Наврӯз! Биё, ки душманон дӯст шаванд,
Эҳсони Худо, сафои ман Наврӯз аст!
Равшангари роҳи мост нури Зардушт,
Тӯмори дилу зиёи ман Наврӯз аст!
Ман дар хати аҳд устуворам зи азал,
Зеро хати устувои ман Наврӯз аст!
Сад гуна сади садад куҷо садди ман аст,
То ҳафт осмон садои ман Наврӯз аст!
Аз вартаи марг мераҳонад моро,
Бемаргии ман, бақои ман Наврӯз аст!
Ман зинда агар расидаам то имрӯз,
Донед, ки раҳнамои ман Нарӯз аст!
Чун сӯи Худо иботадаш меорам,
Иброи ман, ибтидои ман Наврӯз аст!
Боз омаданам ба асли аслам азалист.
Аз баъди Худо, Худои ман Наврӯз аст!
Камол Насрулло
Шоири халқии Тоҷикистон








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






