Шаҳрвандони нуҳ кишвар дар фурудгоҳ ва метрои Брюссел ба ҳалокат расидаанд

Март 28, 2016 17:03

Душанбе, 28.03.2016.(АМИТ «Ховар»).- Бар асари ҳамлаи террористӣ дар Белгия шахсияти 28 нафари қурбоншуда дар амалҳои террористӣ тасдиқ гардид. Дар ин бора намояндаи прокуратураи Белгия иттилоъ дод. Дар ин ҳамлаҳои террористӣ 31 нафар ба ҳалокат расид. Прокуратура ташхиси тиббии 3 тан аз ҳалокшудагонро интизор аст. Ҳоло дар фурудгоҳ шахсияти 15 нафари ҳалокшуда муайян гардид. Шаш нафар шаҳрванди Белгия ва 9 каси дигар шаҳрвандони ИМА, Нидерландия, Шветсия, Олмон, Фаронса ва Ҷопон мебошанд. Ғайр аз ин шахсияти 13 нафари ҳалокшуда дар метро муайян гардид, ки 10 нафараш шаҳрвандони Белгия, 3 каси дигар аз Итолиё, Шветсия ва Бритониё мебошанд.
Ҳамчунин зикр мешавад, ки департаменти давлатии ИМА марги 2 тани дигар аз шаҳрвандони худро муайян намудааст. Пас шумораи қурбониён аз Амрико ба 4 нафар расидааст.

Март 28, 2016 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид