Таҷлили Рӯзи модарон дар Академияи илмҳо

Март 7, 2016 15:55

Душанбе, 07.03.2016. (АМИТ «Ховар»). – Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи модарон бо иштироки аъзои Раёсат, роҳбарони муассисаҳои илмӣ, бонувон ва олимаҳои Академияи илмҳо маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Тавре аз Академияи илмҳои кишвар ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, дар оғози маҷлиси тантанавӣ ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Кароматулло Олимов ҳозирин ва дар шахси онҳо тамоми бонувони Академияи илмҳоро ба Рӯзи модарон табрику таҳният намуд.

Сипас, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ, доктори илмҳои фалсафа Абдураҳмон Маҳмадов, шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, доктори илмҳои филология Алӣ Муҳаммади Хуросонӣ ва ноиби президенти АИ ҶТ, академик Муҳиба Якубова тамоми бонувони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Рӯзи модарон табрику шодбош намуда, саҳми арзандаи онҳоро дар рушди илми ватанӣ ва дастовардҳои муҳими илмӣ зикр карданд.

Дар маҷлис 31 нафар бонувони Академияи илмҳо бо “Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд.

 

Март 7, 2016 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд