Талабагон ва волидони онҳо қадрдонӣ гардиданд

Март 10, 2016 16:29

Душанбе, 10.03.2016. (АМИТ «Ховар»). Дирӯз дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №59-и деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ ва мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №77-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ барои қадрдонии хонандагони ин мактабҳо Муҳаммадазими Муҳаммадалӣ ва Амиршоҳ Нодиров баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД полковники милитсия Абдураҳим Раҳимзода, падару модарони хонандагон ва аҳли ҷамоат иштирок намуданд.
Сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД А.Раҳимзода барои зоҳир намудани зиракиву ҳушёрӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва кумак расонидан дар дарёфти силоҳу аслиҳа ба ноболиғон: Муҳаммадазими Муҳаммадалӣ, хонандаи синфи 8-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №59-и деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ ва Амиршоҳ Нодиров, хонандаи синфи 5-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №77-и ноҳияи Фирдавсӣ аз номи вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро изҳори сипос намуда, ба ҳар кадоми онҳо туҳфаҳои қимматнок- «Ноутбук» супорид.
Зикр гардид, ки ин амали фарзандони содиқ, ватандӯст ва шуҷои Ватан боиси таҳсину офарин ва намунаи ибрат аст. Онҳо бо ин рафтори ҷасуронаи худ нишон доданд, ки дар ҳақиқат Ватани хешро дӯст медоранд ва барои тинҷию осоиштагии он саҳми худро мегузоранд.
Сипас дар ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳузури сокинони маҳаллаи мазкур аз номи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба волидони ин хонандагон «Раҳматнома» ва маблағҳои пулӣ тақдим шуданд.
Зикр гардид, ки ҷавононе, ки барои дарёфти силоҳ кумаки худро расонидаанд, минбаъд барои дохил шудан ба донишкадаҳои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар дорои имтиёзҳо мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки 6-уми марти соли 2016 ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ ноболиғони мазкур оид ба дарёфти махфигоҳ бо 3 гранатамёт ва дигар лавозимоти ҷангӣ дар обанбори маҳаллаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ хабар расониданд.
Гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ ҷойи ҳодисаро аз назар гузаронида, силоҳи дарёфтшударо мусодира намуд.
Ҳангоми идома додани амалиёти тозакунӣ аз тарафи гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ инчунин 1 АКМ, 1 норинҷаки дастӣ, маводи тарканда ва тирҳои қутрашон гуногун дарёфт ва мусодира шуданд.

Март 10, 2016 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст