Телефонҳои мобилии бо роҳи қочоқ воридгардида ошкор шуданд

Март 18, 2016 14:58

Душанбе, 18.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Кормандони Хадамоти гумруки кишвар миқдори зиёди телефонҳои мобилиро, ки бо роҳи қочоқ ба кишварамон ворид гардидаю ба фурӯш гузошта шудаанд, ҷилавгирӣ намуданд.
Дафтари матбуоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар яке аз мағозаҳои фурӯши телефонҳои мобилии Фурӯшгоҳи марказии пойтахт беш аз 200 телефони мобилии гуногунтамға бидуни ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи воридотӣ ошкор гардид.
Миқдори зиёди телефонҳои мобилии бо роҳи ғайриқонунӣ ба қаламрави ҷумҳурӣ воридгардида ба соҳибкор А.Ш. тааллуқ дошта, дорои ягон санади тасдиқкунандаи воридотӣ набуд. Баъди муоинаи гумрукӣ шаҳрванд А.Ш барои ихтиёран ба расмият даровардани моли бо роҳи қочоқ воридгардида ба масъулини Хадамоти гумрук хаттӣ муроҷиат намуд. Дар асоси талаботи моддаи 435-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барасмиятдарории гумрукии 210 телефони мобилии гуногунтамға муроҷиати соҳибкори инфиродӣ қонеъ гардонида шуд.

Март 18, 2016 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид