Забони барномаҳои радиоиву телевизионӣ баррасӣ хоҳад шуд
Душанбе, 28.03.2016. (АМИТ «Ховар»). Вазъи иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шабакаҳо ва масъалаҳои забони барномаҳои радиову телевизион ва костагиҳо дар нутқи ровиёну барандагони барномаҳо, инчунин навиштаҷоти сатрҳои равон, эълону рекламаҳои шабакаҳо 29-уми март дар Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, МД телевизиони «Ҷаҳонамо», 30-юми март дар МД телевизиони «Сафина», МД «Телевизиони кӯдакону наврасон-«Баҳористон» ва 31-уми марти соли 2016 дар Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Тавре ки масъули Хадамоти ВАО-и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфониён Раҳим ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, ин иқдом аз ҷониби кумита дар иртибот ба вохӯрии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 1-уми марти соли 2016 бо кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи шабакаҳои телевизионии «Варзиш», «Синамо» ва Академияи ВАО баргузор гардида буд, ба нақша гирифта шудааст.








Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
«МЕЪМОР-2026». Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҷамъбаст шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли равғани растанӣ зиёд гардидааст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд






