«Забони миллат- ҳастии миллат»- китоби нави Пешвои миллат

Март 19, 2016 12:29

          Душанбе,19.03.2016.(АМИТ «Ховар»).- Дар арафаи ҷашни ҷаҳонии Наврӯз китоби нави Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони  «Забони миллат- ҳастии миллат» дар Душанбе бо ҳузури олимону донишмандони тоҷик ва кишварҳои форсизабон рӯнамоӣ гардид.

Абдуҷаббор Раҳмонзода –Ёрдамчии Президенти кишвар оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар маросими ифтитоҳи рӯнамоии асари бузурги Пешвои миллат  сухан карда, дар остонаи ҷашни ҷамшедии Наврӯз нашр гардидани китоби «Забони миллат –ҳастии миллат»-ро дастоварди бузурги илмию фарҳангӣ ва муждаи наврӯзӣ барои миллати тоҷик ва кулли форсизабонони ҷаҳон арзёбӣ кард. Зикр шуд, ки китоби нави Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  «Забони миллат- ҳастии миллат» /китоби якум. Роҳ ба сӯи пояндагӣ/  доир ба сарнавишти таърихии забони тоҷикӣ, шебу фарозҳои он дар масири зуҳуру густариш ва зарфиятҳои  фароху фарогири забони тоҷикӣ маълумот медиҳад. Дар асари мазкур решаҳои ориёии забони тоҷикӣ  бо далелҳои қавии илмӣ ва таърихӣ исбот шудаанд. Дар асар даврабандии таърихии забони тоҷикӣ дар асоси маводи  нави илмӣ матраҳ шудааст. Дар маҷмӯъ асари мазкур фарогири  бузургтарин сарчашмаҳои таърихию тамаддуни тоҷикон аст. Хусусан муаллифи асар – Пешвои миллат таърихи пайдоиши забони тоҷикиро дар фасли алоҳидаи китоб таҳти унвони «Забони миллат –ҳастии миллат» гирд овардааст. Зикр мешавад, ки  зодгоҳи асосии забони тоҷикӣ Хуросону Мовароуннаҳр, соҳили чапу рости рӯди Ому, хусусан қаламрави ҳозираи Тоҷикистон аст. Ҳамзамон дар асар доир ба сарнавишти  забони тоҷикӣ дар замони истилои араб  дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ маълумоти илмӣ оварда шудааст, ки он барои пажӯҳиши дурнамои забоншиносӣ дастури муфиди илмӣ маҳсуб мешавад.

Таъкид шуд, ки бобҳои алоҳидаи асар дар заминаи осор ва матнҳои  илмӣ, таърихӣ ва адабӣ, замина ва омилҳои эҳёи забони тоҷикӣ, ки дар аҳди Тоҳириёну Саффориён ва махсусан дар замони шукуфоии давлатдории тоҷикон -Сомониён  ба авҷи олӣ расида буд, махсус зикр гардидааст.

Дар маросими муаррифии асари нави Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон,  олимон,  президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимӣ ва дигар донишмандони шинохтаи кишвар –Кароматулло Олимов, Сайфидин Назарзода, Сахидод Раҳматулло ва дигарон доир ба паҳлуҳои таърихию илмии ин асари  арзишманд ибрози назар намуда, таъкид доштанд, ки асари мазкур на танҳо барои мо тоҷикон, балки тамоми форсизабонони дунё хизмати бузург хоҳад кард.

Нашри китоби  нави Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар нашриёти «ЭР-граф»-и пойтахт идомаи мантиқии таҳқиқоти  Пешвои миллат дар самти худшиносии миллӣ ва амалӣ намудани ормонҳои миллии тоҷикон арзёбӣ гардида, он дар забоншиносии  тоҷик ва илми ҷомеашиносии муосири кишварамон дастоварди муҳим ва нотакрори  илмию сиёсӣ маҳсуб мешавад, зеро рисола бо забони оммафаҳми илмӣ навишта шуда, падидаи нави илмиест дар шароити ҷаҳонишавӣ.

Чопи китоби Пешвои миллат «Забони миллат –ҳастии миллат» дар остонаи ҷашни  фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ ҳадяи наврӯзист барои аҳли зиё, фарҳангиён ва кулли мардуми сарзамини офтобиамон –Тоҷикистон.

Март 19, 2016 12:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид