5 ҳазор сомонӣ барои сенарияи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Хатлон
Қурғонтеппа, 18.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангию сиёсӣ баргузор намудани ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон озмуни сенарияи беҳтарин эълон карда шудааст.
Тавре аз шуъбаи итилоотию таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, мақсад аз баргузории озмун тарғибу ташвиқи дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатӣ, ривоҷи фарҳангу санъати миллӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷомеа, эҳёи анъана ва суннатҳои миллӣ, дарёфти беҳтарин сенариянависон ба ҳисоб меравад.
Дар озмун сенариянависони вилоят ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ метавонанд ширкат варзанд. Тибқи қарори имзошуда барои сенарияи беҳтарин панҷ ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






