АИ ҶТ: “Ҳаллоҷ ва ҷунбишҳои миллӣ”
Душанбе, 15.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 – уми апрел соати 14:00 маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша” бо иштироки адибон ва донишмандони тоҷик баргузор мегардад. Тибқи иттилои котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шервони Умриддин, дар маҳфил мавзӯи “Ҳаллоҷ ва ҷунбишҳои миллӣ” мавриди баҳс қарор дода мешавад. Гузоришгари маҳфил пажуҳишгар ва донишманди тоҷик Ҷамшеди Азимпур аст.
Ба диққати кулли донишмандон, пажӯҳишгарон ва ҳамаи хоҳишмандон расонида мешавад, ки маҳфили “Ҷаҳони андеша” ҳар ҳафта як маротиба дар толори Академияи илҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Иштирок дар маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша” озод аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






