«Бодом дар барф» — шаби эҷодии Тимур Зулфиқоров
Душанбе, 16.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Шаби эҷодии шоир ва нависанда Тимур Зулфиқоров таҳти унвони «Бодом дар барф» рӯзи якшанбе соати 15.00 дар Театри драмаи русии ба номи Маяковскийи шаҳри Душанбе доир мешавад. Дар он Ирина-Дмитриева-Ванн, Шаҳрӣ Яковлева, Наталя Гусейнова ва ҳунармандони театр иштирок мекунанд.
Тимур Қосимов 17 августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, Институти адабии ба номи М. Горкийро хатм намудааст.
Асарҳои ӯ ба 12 забони ҷаҳон тарҷума шуда, аз рӯи онҳо зиёда аз 20 филми ҳуҷҷатӣ ва бадеӣ наворбардорӣ шудаанд. Асарҳои Т. Зулфиқоров «Китоби кӯдакии Исои Масеҳ» ва «Суҳбати ду мӯйсафед дар алафи худрӯй» ҳамчунин рағбати баланди хонандагонро бедор намуданд.
Т. Зулфиқоров дорандаи Ҷоизаи Русия «Китоби беҳтарини сол» (2005) дар номгӯи «Наср» барои романи «Эфаи марҷонӣ» мебошад.
Тимур Зулфиқоров солҳои зиёд дар Маскав умр ба сар бурдаву ҳоло дар шаҳри Душанбе истиқомат дорад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






