Дар Душанбе ҷаласаи якҷояи ММ ва МН МО ҶТ баргузор мегардад
Душанбе, 29.04.2016/АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 5 майи соли равон дар шаҳри Душанбе иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ва худи ҳамон рӯз ҷаласаи сеюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор мегардад.
Аз палатаи болоии Парлумони кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ин росто аъзои Маҷлиси миллӣ имкон доранд, рӯзҳои 3 ва 4 майи соли равон аз соати 8:00 то соати 17:00 ва 5 май аз соати 7:00 то 8:00 дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи сеюм, утоқи кории шуъбаи ташкилӣ ва дар бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи якум, утоқи якум аз қайд гузаранд.
Телефонҳо барои тамос 221-98-35 ва 221-89-35








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






