Дар Фархор фабрикаи ресандагӣ таъсис ёфт
Душанбе, 23.04.2016/АМИТ«Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти «Зафар»-и ноҳияи Фархор фабрикаи ресандагии «Адолат-А» ба кор оғоз менамояд.
Дар ин бора Раҳматхӯҷа Камолзода, муовини раиси ноҳияи Фархор иттилоъ дода, зикр намуд, ки сохтмони фабрикаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбаршо Неъматов бо маблағи 27,5 миллион сомонӣ барои 300 ҷойи корӣ бино гашта, иқтидори коркарди он дар як сол 4000 тонна нахи пахта мебошад.
— Ҳамаи таҷҳизоти зарурӣ барои корхона дастрас гардида, дар рӯзҳои наздик ташрифи мутахассисон аз Италияву Туркия барои насби таҷҳизот дар назар аст, — афзуд Р. Камолзода.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






