Фестивали сулҳу дӯстии Исфара ва Боткент
Душанбе, 13.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Дар доираи барнома ва созишномаҳои муштараки ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон барои тақвияти муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягӣ ва вусъати равобити фарҳангӣ дар шаҳри Исфара таҳти унвони «Сулҳ фарҳанг меофарад» фестивали сулҳу дӯстӣ баргузор гардид.
Фестивал дар назди «Кохи фарҳанг»-и маркази шаҳр оғоз ёфта, дар даромадгоҳи он меҳмонон ва иштирокдорон аз намоишгоҳи корҳои эҷодии хонандагони мактаби рассомӣ таҳти унвони «Сулҳ аз мо оғоз меёбад» дидан намуданд.
Муовини аввали раиси шаҳри Исфара Содирхон Қосимӣ таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди ду навоҳии ҳамҷавор—Исфараи Тоҷикистон ва Боткенти Қирғизистонро аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара арзёбӣ намуда, аз таърихи дӯстии халқҳои тоҷику қирғиз ёдовар шуд.
Муовини ҳокими ноҳияи Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон Кишимжан Кидирова барои истиқболи самимӣ ба мизбонон изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки баргузории ин чорабинӣ самараи талошҳои пайвастаи роҳбарияти ду давлат мебошад, ки заминаҳоро барои таҳкими муносибатҳои ҳасана ва ҳамзистии осоиштаи халқҳои тоҷику қирғиз фароҳам меорад.
Чанд нафар аз ҷавонони тоҷику қирғиз дар мавриди таҳкиму тақвияти дӯстӣ сухан гуфта, таъкид доштанд, ки гузаштагони мо дар фазои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба сар мебурданд ва мо ҳамчун ворисони асили ниёгон бояд ин суннати некро идома диҳем.
Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмуни иншои беҳтарин таҳти унвони «Дарёи Исфара–дарёи дӯстӣ», ки байни толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳри Исфара ва ноҳияи Боткент доир гардид, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.








«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд






