Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон мавқеи худро нисбат ба раъйпурсӣ муайян кард
Душанбе, 18.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. 14 апрели соли равон ҷаласаи Раёсати Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он масъалаи муайян кардани мавқеи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон оид ба раъйпурсӣ ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре дар ин бора мудири бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Маҳмадуллоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, зимни баргузории ҷаласа роҳбарият ва аъзои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон муҳтавои тағйиру иловаҳои Конститутсияро ба таври амиқ мавриди таҳлил қарор дода, аз нигоҳи касбӣ махсусан дар ҳаёти ҷавонон таъсирбахш амалӣ гардонидани онро муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон қарор дода шуд, ки намояндагони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ ба ҳавзаҳо ва участкаҳои раъйпурсӣ пешниҳод карда шаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






