Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар филиали ДДМ

Апрель 30, 2016 12:19

Душанбе. 30.04.2016, /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав (ДДМ) ба номи М.В.Ломоносов дар  ш.Душанбе конфронси ҷумҳуривии илмӣ-амалӣ  таҳти унвони «Типологияи муқоисавӣ ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ» баргузор гардид. Конфронсро директори иҷроияи филиали ДДМ Саидаъло Мирзоев ифтитоҳ намуд.
Устоди забони тоҷикии филиали ДДМ дар ш. Душанбе Шамсиддин Солеҳов зикр кард, ки  «Конфронс,  аз ду қисм иборат аст: забони илм ва масъалаи истилоҳот, аз ҷумла истилоҳоти илм, истилоҳоти нав, истилоҳоти ҷадид дар забони тоҷикӣ ва таълими забонҳои хориҷӣ. Дар конфронс устодони кафедраҳои забонҳои макотиби олии  кишвар, муҳаққиқони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пажӯҳишгоҳҳои дигар, ки ба  масъалаҳои омӯзиши забонҳо  сару кор доранд, иштирок намуда, маърӯза карданд.

Апрель 30, 2016 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст