Лигаи якум: “Саройкамар” ва “Панҷшер” пешсафанд
Душанбе, 30.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозиҳои даври дуввуми Чемпионати мамлакат дар Лигаи якум дастаҳои “Саройкамар” ва “Панҷшер” бар “Локомотив”(2:0) ва “Ҳулбук”(2:1) ғалаба карда, бо 6 хол аз ду бозӣ ба сафи пеш баромаданд.
Дар даври дуввум “Ваҳдат” бо “Помир”(1:1), “Зарафшон” бо “Комунна” (0:2), “Чашма” бо “Канд”(3:1) ва “Исфара” бо “Кӯктош”(1:3) рақобатҳои худро ба анҷом расониданд.
Ба ҳамин тартиб ба дарвозаи дастаҳо 17 тӯб ворид шуд, ки 9-тои онро соҳибони майдон ва 8-тоашро меҳмонон ба нишон расонданд. Дар натиҷа дар 3 бозӣ соҳибони майдон ва дар ду бозии дигар меҳмонон ба комёбӣ мушарраф шуданд. Як вохӯрӣ мусовӣ ба поён расидааст.
Даври сеюм рӯзҳои 1-ум ва 2 май доир мешавад. “Комунна” бо “Саройкамар”, “Парвин” бо “Ваҳдат”, “Ҳулбук” бо “Исфара”, “Канд” бо “Панҷшер”, “Локомотив” бо “Чашма” ва “Помир” бо “Зарафшон” вориди майдон мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






