Машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия
Душанбе, 7.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. 6 апрели соли 2016 дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардиданд.
Ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва ҳайати Русияро муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Олег Сиромолотов роҳбарӣ карданд.
Ҷонибҳо оид ба вазъи минтақа, ҷанбаҳои мубрами таъмини амният, хусусиятҳои терроризми муосир ва муқовимат бар зидди терроризми байналмилалӣ, оид ба усулҳои ифротишавии ҷомеа ва роҳҳои бартарафсозии он мубодилаи афкор намуданд.
Дар ҳошияи машваратҳо роҳбари ҳайати Русияро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба ҳузур пазируфт.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд






