Мулоқоти Сарвазири мамлакат бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон
Душанбе, 16.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов мулоқот кард.
Тавре таъкид шуд, Тоҷикистону Беларус робитаҳои деринаи дўстона дошта, заминаҳои созгори рушду тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба байни ду давлат дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ фароҳам мебошанд.
Ҷонибҳо ба таври муфассал вобаста ба ҳамгироии Тоҷикистону Беларус дар доираи узвият дар СММ, ИДМ, СААД ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор карда, омодагию ҳавасмандии худро барои дар оянда беҳтар намудани нишондиҳандаҳои робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ изҳор намуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо баррасӣ шуданд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






