Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо фаъолони Хатлон

Апрель 29, 2016 17:28

Қурғонтеппа, 29.04.2016. /АМИТ «Ховар/. Имрӯз дар шаҳри Қурғонтеппа  вохӯрии  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо фаъолони вилояти Хатлон  баргузор гардид.  Зикр шуд, ки имрӯз  Тоҷикистон  дар  марҳилаи  нави  рушд қарор дошта дар баробари ин  зарурат пайдо шудааст,ки  тағйиру  иловаҳо  ба  баъзе қонунҳо ворид  карда  мешаванд ва  ин  талаботи замон аст. Аз ин рӯ  дар  ҷумҳурӣ  корҳои фаҳмондадихӣ  оид ба тағйиру  иловаҳо ба  Қонститутсия ҷараён доранд. Раъйпурсии  мазкур  рӯзи 22 майи соли 2016 баргузор мегардад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иштирокунандагон шарҳ дод.
Ҳамзамон  таъкид гардид, ки корҳои пешгирӣ  дар самти терроризм  ва  экстремизм  пурзӯр гардида, барои пешгирии  ақидаҳои ифрогароӣ  тадбирҳои зарурӣ  андешида  шаванд.

Апрель 29, 2016 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст