Полиси Покистон 8 ҷангиро маҳв кард

Апрель 7, 2016 09:19

Душанбе, 7.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи чоршанбе кормандони Раёсати тафтишоти ҷиноии полиси Покистон зимни ду амалиёти иктишофӣ дар шаҳрҳои Лоҳур ва Қарочӣ 8 ҷангиро маҳв карданд. Дар ин бора агентии «Синхуа» бо такя ба ВАО-и маҳаллӣ хабар медиҳад.
Тибқи гузориши шабакаи телевизиони «Geo TV», кормандони Раёсати тафтишоти ҷиноӣ зимни амалиёти ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Лоҳури музофоти Панҷоб 6 ҷангиро, ки бо ҳаракати «Толибон»-и Покистон иртибот доштанд, маҳв кардаанд.
Ҳамчунин кормандони полис зимни амалиёти дигар дар шаҳри Қарочии музофоти Синд 2 ҷангии ба гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» рабтдоштаро нобуд карда, 4 каси дигарро дастгир намудаанд. Бино ба изҳороти полис, ҳамчунин як анбори калони аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ дарёфт гардидааст.

Апрель 7, 2016 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд