Сафири Тоҷикистон дар Чин нусхаи эътимодномаи худро супорид
Душанбе, 7.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода нусхаи эътимодномаи худро ба Муовини Сардори Раёсати ташрифоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Жанг Йиминг расман супорид.
Дар ҷараёни мулоқот, ки дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни таваҷҷуҳи мутақобила сурат гирифт, тарафҳо ба сатҳи имрӯзаи муносибатҳои байнидавлатӣ баҳои баланд дода, зикр карданд, ки минбаъд низ барои таҳкими сатҳи муносибатҳои дӯстона ва стратегии Тоҷикистону Чин иқдом хоҳанд кард.
Жанг Йиминг сафирро бинобар ба ин вазифа таъин шуданаш табрик намуда, ба ӯ ҷиҳати амалигардонии фаъолияти дипломатӣ комёбиҳо таманно намуд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






