Сарчашмаҳои асосии даромади оилаҳо ва роҳҳои қиёсии тақсим намудани он

Апрель 20, 2016 17:00

Душанбе, 20.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили Рӯзи илм дар Донишкадаи молия ва иктисоди Тоҷикистон аз 18 то 23 апрели соли равон ҳафтаи илм гузаронида мешавад, ки ҳамарӯза чорабиниҳои илмӣ доир хоҳанд гашт.
Тавре котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева хабар дод, ҳафтаи илм бо баргузории семинари илмию назариявии донишкадавӣ дар мавзӯи «Сарчашмаҳои асосии даромади оилаҳо ва роҳҳои алтернативии тақсим намудани он дар шароити авҷгирии муносибатҳои иқтисодӣ» оғоз гардид.
Мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ Фахриддин Убайдов зикр кард, ки мавзӯи баррасишаванда мубрам буда, маърӯзакунандагон тарафҳои гуногуни мавзӯъ, аз қабили сарчашмаҳои асосии даромади аҳолӣ, самтҳои хароҷоти он, механизми оқилона тақсимнамоии он дар сатҳҳои баланду паст ва инчунин сабабҳои нобаробар тақсим шудани онро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор додаанд.
Зикр гардид ки манбаъҳои асосии даромади аҳолӣ ин замин, сармоя, меҳнат, истеъдоди соҳибкорӣ, иттилоот, муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд. Сатҳи даромади аҳолӣ вобаста ба буҳрони иқтисодӣ кам шуда, дар зарфи як сол — то моҳи январи соли 2016 27 % поин рафтааст.
Гуфта шуд, ки масъалаи даромад ва механизми нобаробар тақсимшавии он аз давраи қадим то кунун мушоҳида карда мешавад ва танҳо давлат бо фишангҳои молиявию қарзӣ ва андозӣ метавонад то андозае барои бартараф намудани нобаробарии тақсимоти даромадҳо мусоидат кунад.

Апрель 20, 2016 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад