Ташрифи фармондеҳи Қӯшунҳои таъйиноти махсуси фармондеҳии марказии ИМА ба Тоҷикистон

Апрель 18, 2016 14:30

Душанбе, 18.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Фармондеҳи Қӯшунҳои таъйиноти махсуси Фармондеҳии марказии ИМА генерал-майор Дарси Д. Роҷерс ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ташриф овард ва дар як қатор мулоқот бо шахсони расмии олирутбаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат варзида, бо онҳо масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои амниятро матраҳ намуд.
Дар ҷараёни сафари худ генерал-майор Роҷерс бо Элизабет Миллард, сафири ИМА дар Тоҷикистон ва бо мақомдорони аршади ИМА дар Узбекистон вохӯриҳо гузаронида, бо онҳо масъалаи ҳамкории давомдори низомӣ байни Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ҳамкории Қӯшунҳои таъйиноти махсуси фармондеҳии марказиро бо қувваҳои махсуси Тоҷикистону Узбекистон матраҳ намуд.
Генерал-майор Роҷерс ҳамчунин бо мақомдорони аршади низомии кишварҳо мулоқот намуда, аҳамияти идомаи ҳамкорӣ ва кумаки Қӯшунҳои таъйиноти махсуси Фармондеҳии марказиро барои таъмини сулҳу субот ва амният дар Осиёи Марказӣ таъкид намуд.

Апрель 18, 2016 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад