«Тоҷикагролизинг» 1130 адад техникаи гуногунтамғаи «МТЗ»-и Беларусро харидааст

Апрель 20, 2016 15:50

Душанбе, 20.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Аз 24 то 26 апрели соли равон ҳайати Ҷумҳурии Беларус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Зимни сафар мулоқоту вохӯрӣ ва баимзорасии як қатор санаду шартномаҳои ҳамкорӣ дар назар аст.
Дар ҷаласаи 10-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки он 25 апрел дар МД «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор хоҳад гашт, яке аз масъалаҳои муҳим таъмини хоҷагиҳои деҳқонии мамлакат бо техника ва таҷҳизоти кишоварзии истеҳсоли корхонаи «МТЗ»-и Ҷумҳурии Беларус, ки рушди соҳаи кишоварзӣ ба он сахт марбут аст, мавриди баррасӣ қарор гирифта, пешниҳодоти КВДҶ «Тоҷикагролизинг» дар ин замина ба назар гирифта мешавад.
Бояд зикр намуд, ки «Тоҷикагролизинг» ягона корхонаест, ки аз соли 2008 то инҷониб аз Корхонаи тракторбарории «МТЗ»-и Беларус техника ворид намуда, ба тариқи иҷораи молиявӣ ба хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ пешниҳод менамояд.
Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти Корхонаи воҳиди давлати ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» Ибодулло Оқилпур, корхона аз давраи таъсис то имрўз 1130 адад техникаи гуногунтамғаи «МТЗ»-ро харидорӣ намуда, дар пешрафти бахшҳои мухталифи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ саҳми босазо гузоштааст.

Апрель 20, 2016 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд