Тоҷикистон дар қатори кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи «сабз»
Душанбе, 30.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бонки ҷаҳонӣ рейтинги кишварҳои ҷаҳон аз рӯи фоизи истеҳсоли нерӯи барқ аз сарчашмаҳои барқароршавандаи энергияро нашр намуд, ки Тоҷикистон дар он мақоми 6-умро касб кардааст.
Дар Тоҷикистон, мутобиқи маълумоти зикршуда, давоми солҳои 2011-2015, 99,56%-и нерӯи барқ аз сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол шудааст.
Гуфта мешавад, дар муқоиса бо солҳои 2006-2010 истеҳсоли нерӯи барқ аз ҳисоби сарчашмаҳои барқароршаванда ба андозаи 0,21% коҳиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, соли 2015 дар нерӯгоҳҳои барқии Тоҷикистон ҳамагӣ ҳудуди 95,2% (1 млрд. 419,4 млн. кВт/соат) нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки тақрибан 4,8% (68,2 млн. кВт/соат)-и он ба марказҳои барқу гармидиҳӣ рост меояд ва ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2014 қариб ду баробар зиёдтар аст.








Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид






