Вазири корҳои дохилӣ барандаи ҷоизаи Муҳаммад Осимӣ дар соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ гардид
Душанбе, 13.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон барандаи ҷоизаи Муҳаммад Осимӣ дар соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ гардид.
Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, дирӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани ҷоизаҳои илмӣ бахшида ба иди касбии олимони кишвар бо иштироки олимони шинохтаи ҷумҳурӣ ва мутахассисони соҳаҳои гуногуни илм доир гардид.
Ҳамчунин Рамазон Раҳимзода узви ҳақиқии Академияи илмҳои умумиҷаҳонии амнияти дастаҷамъӣ гардида, ба ӯ аз ҷониби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дипломи ин Академияи бонуфузи ҷаҳонӣ супорида шуд.
Вазири корҳои дохилӣ доир ба соҳаи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, заминаҳои ҳуқуқӣ, тарзу усули ташкили фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, қувва ва воситаҳо, маблағгузорӣ ва қисми махсуси соҳаи мазкур муфассал ибрози андеша намуд.
Бо пешниҳоди олимон барои дастрас будани илми соҳаи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ барои мутахассисони дигар давлатҳо чанд рӯз пеш китоби «Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы» (Чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ) бо забони русӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккул ва заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ муфассал дарҷ гардидаанд.








Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд






