19-20 октябр дар Хуҷанд Ярмаркаи VII байналмилалии савдо «Суғд-2021» баргузор мегардад

Октябрь 13, 2021 11:16

ДУШАНБЕ, 13.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 19-20 октябр дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VII байналмилалии савдо «Суғд-2021» баргузор  мешавад, иттилоъ  доданд аз Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд
ба АМИТ «Ховар».

Ярмаркаи мазкур чандин сол аст, ки  бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд роҳандозӣ гардида, мақсад аз  баргузории он рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ҷалби сармоягузорӣ,  воридоти технологияҳои муосир, тақвияти ҳамкории дуҷониба ва бисрёҷониба бо кишварҳои гуногуни олам ва шарикони рушд буда, дар доираи он ташкили форумҳои тиҷоратию сармоягузорӣ, конфронсҳо ва намоиши молу маҳсулоти соҳибкорони тоҷику хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар назар аст, ки дар ин ҳамоиши тиҷоратии минтақавӣ шарикони рушд, аз ҷумла соҳибкорон аз кишварҳои муштаракулманофеъ иштирок намоянд.

Акс аз  Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Октябрь 13, 2021 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст