Ҳаҷми қарзҳои хурд дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон зиёд шуд
Душанбе, 24.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бақияи умумии қарзҳо дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ то интиҳои моҳи майи соли равон бо пули миллӣ 4 242, 1 млн. сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ 6 714,5 млн. сомониро ташкил медиҳад. Тавре ки Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, таркиби бақияи қарзҳо аз 42,6% (4 670,8 миллион сомонӣ) қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 57,4% (6 285,8 миллион сомонӣ) қарзҳои дарозмуддат иборат мебошад.
Қобили зикр аст, ки ҳаҷми қарзҳои хурди дар моҳҳои январ-майи соли равон додашуда, 1 471,5 миллион сомониро ташкил дода, аз ин маблағ 301,8 миллион сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон рост меояд, ки назар ба моҳи апрели соли равон 47,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






