Аъзои «Созандагони Ватан» китоби безаволи «Тоҷикон дар оинаи таърих» — ро меомӯзанд

Июнь 20, 2016 14:41

Душанбе, 20.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тарбияи ҳисси ватандӯстӣ дар ҷавонон ва ошно намудани онҳо бо таърихи пурғановати миллӣ, дар доираи ҳамоиши ҷумҳуриявии омӯзиши китоби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» маҳфил баргузор шуд.
Дар даромадгоҳи толор намоиши китобҳои Президенти кишвар ба тамошо гузошта шуда, тавассути компютер суханронии Сарвари давлат намоиш дода шуд.
Роҳбари дастгоҳи кумитаи иҷроия М.Мирпочоева дар бораи аҳамияти таърихии китоб, саъю талош ва хизматҳои арзандаи Президенти кишвар бобати арҷгузории мутафаккирону алломаҳо, адибони классику муосир, таъриху фарҳанги бои тоҷикон, вусъати тоза бахшидан ба масъалаҳои омӯзиши китобҳои Сарвари давлат, таърихи Тоҷикистон, маҳалли зист, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ сухан гуфт.
Мудири шуъбаи таблиғоту иттилооти Кумитаи иҷроияи вилоятӣ Фирдавс Ҳоҷиев дар бораи ҳамоиши ҷумҳуриявӣ маълумот дода, аҳли толорро ба мутолиаи китобҳои арзишнок, самаранок истифода бурдани вақти холӣ, баланд бардоштани савияи дониш, таҳлили саҳеҳи маводи сомона ва истифодаи дурусти он, қадр кардани меҳнати устодону омӯзгорон даъват намуд.

Июнь 20, 2016 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд