Ба 30 нафар хатмкунандаи факултаи 1-и Академияи ВКД диплом супурданд

Июнь 18, 2016 09:43

Душанбе, 18.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими дипломсупорӣ ба хатмкунандагони факултаи рақами 1 бо иштироки муовини вазири корҳои дохилии ҶТ Умарзода Икром Ислом баргузор шуд.
Дар ҷамъомад ба 30 нафар хатмкунандагоне, ки ихтисоси «Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ» ва касби «Мутахассис дар соҳаи идоракунии давлатӣ»-и Академияро имсол хатм намуданд, дар фазои тантанавӣ диплом ва нишони сарисинагӣ  супорида шуд.
Хатмкунандаи Академия, майори милитсия Сафаралӣ Довудзода ба омӯзгорони Академия миннатдорӣ баён намуда, зикр кард, ки барои Ватану миллат софдилонаву садоқатмандона хизмат менамоянд.

Июнь 18, 2016 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад