Боғи навбунёди шаҳри Хоруғро гулҳои голландӣ оро медиҳанд

Июнь 24, 2016 12:02

Хоруғ, 24.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба боғи навбунёди шаҳр, ки дар рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ дарвозаи он ба рӯи сокинон боз хоҳад шуд, аз шаҳри Душанбе дувуним ҳазор гулҳои рангоранг интиқол дода шуданд. Гулпарвар Абдураҳими Раҳмон гуфт, ки шаш намуди ин гулҳо аз давлати Голландия ба ин ҷо оварда шудаанд. Ҳамчунин 100 дона дарахтони гуногунавъи ороишӣ дар боғ шинонда мешаванд.
Решаи ҳамаи гулу буттаҳо ва дарахтон бо хокашон дар ҷойҳои махсус шинонида шуданд ва аз ин рӯ ба нашъу намои онон ҳеҷ шубҳа вуҷуд надорад. Ба парвариш ва нигоҳубинашон мутахассисон аз Боғи ботаникии шаҳри Хоруғ ҷалб шудаанд. Боварӣ дорам, ки баъди ҳамагӣ як ду сол ин боғ ба яке аз гӯшаҳои зеботарини шаҳр табдил хоҳад ёфт,-афзуд А. Раҳмон.
Ин дуюмин боғи фарҳангию фароғатии шаҳр аст, ки дар замони истиқлол бунёд мегардад. Боғи куҳани шаҳр низ дар даврони соҳибистиқлолӣ мавриди таъмиру таҷдид қарор гирифт ва соли 2010 дар ихтиёри бошандагони вилоят гузошта шуд.

Июнь 24, 2016 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст