Дар Кӯлоб бахшида ба 25-солагии Истиқлолият мусобиқаи варзишӣ доир шуд

Июнь 18, 2016 10:52

Кӯлоб, 18.06.2016 /АМИТ «Ховар»/.    Бахшида ба 25-умин солгарди  Истиқлолияти давлатии  ҶТ  ва рӯзи  иди касбии  табибон  масъулини «Маркази  ташаккули  тарзи ҳаёти  солим»-и минтақаи Кӯлоб  дар толори варзишии Коллеҷи тиббӣ  дар байни муассисаҳои тиббӣ  мусобиқаи варзишии волейбол, шоҳмот ва футбол ҷараён дорад. Ба қавли  директори марказ  Ҳамзаалӣ Мирзоев, ҳоло  муассисаҳои вилоятии тандурустӣ  бозии волейболро  ҷамъбаст кардан два   дастаи коллеҷи тиббӣ ҷои якум,  маркази саломатии №2 ҷои  дуюмро гирифта,  ҷои сеюм насиби  беморхонаи бемориҳои пӯсти шаҳри Кӯлоб гардид.
Мусобиқаи варзишӣ то охири  моҳи июли соли равон идома ёфта, ғолибон бо Ҷом, ифтихорнома ва  туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Июнь 18, 2016 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд