Дар ноҳияи Ховалинг ҷавонони роҳбар зиёданд
Ховалинг, 30.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ховалинг ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии кор бо ҷавонон доир гардид. Дар ҷаласа раиси шӯрои мазкур Нурулло Мирзозода оид ба масъалаи ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷавонон ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, таъмини ҷавонон бо ҷойҳои кори доимӣ ва соҳибтахассус намудани онҳо иброз дошт, ки имрӯз дар ноҳия дар аксари вазифаҳои роҳбарикунанда ҷавонон фаъолият доранд ва Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои онҳо тамоми шароитро муҳайё намудааст.
Инчунин дар ҷаласа масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, зикр шуд, ки хушбахтона, аз ноҳияи Ховалинг ягон нафар ҷавон ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил набуда, берун аз кишвар нарафтааст.
Ба қавли Дилшод Шеров, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар оянда низ бо ҷалби васеи ҷавонон чунин шӯроҳо баргузор гардида, масъалаҳои муҳим таҳлилу баррасӣ карда мешаванд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






