Дастгир гардидани гумонбар дар ҷинояти авбошӣ

Июнь 20, 2016 12:16

Душанбе, 20.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 19 июн ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доданд, гумонбаршуда 18 июни соли равон тахминан соатҳои 17:30 аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, марди 50-солаи сокини шаҳри Душанберо бе ягон асос латукӯб намуда, бо корди ошхонагӣ се маротиба ба баданаш зада, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа марди ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.

Июнь 20, 2016 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид