Лагери «Чайка» барои кӯдакон истироҳати бофароғат ташкил кард
Душанбе, 29.06.2016 / АМИТ «Ховар» /. Лагери тобистонаи «Чайка» дар дараи Варзоб басти дуюми истироҳаткунандагонро ба ҳузур пазируфт. Субҳи 28-уми июн дар лагер тибқи анъана Суруди миллӣ садо дод ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бардошта шуд.
Дар ҳамин ҳол, 27 июн кормандони лагер басти аввалро ҷамъбаст карданд. Ба гуфтаи директори лагер Нигина Ҷӯраева, истироҳати кӯдакон дар басти якум муваффақона ба анҷом расид. Кўдакон бехатар ба хонаҳояшон фиристода шуданд. Лагер 310 кӯдакро аз саросари кишвар қабул кард. Барои хонандагони аз синни 6 то 14-сола дар давоми 12 рўз чорабиниҳои гуногуни варзишӣ, сафар ба кӯҳ ва консертҳои ҳамарӯза ташкил карда шуданд.
Некруз Бахтибекови дувоздаҳсола, ки соли равон аввалин бор ба лагер омадааст, аз он таассуроти хуб дорад. «Ман хеле хушбахтам, ки падару модари ман маро ба «Чайка» фиристода, ҳамин тавр таътили тобистонаи маро фаромӯшнашаванда карданд. Он ҷо хуш гузашт, дӯстони нав, экскурсияҳо, мураббияҳои хуб буданд. Ман ва дӯстони наве, ки ин ҷо бо ҳам вохӯрдем, ҳама аз истироҳати худ қаноатманд будем»,- гуфт ӯ. Модараш Мавҷуда Анварӣ дар 12 рӯз ду бор барои боздиди писараш рафта, ҳамчунин аз шароите, ки он ҷо барои кӯдакон муҳайё буд, қаноатманд шуд.
«Ба лагери мо имсол кӯдакон аз саросари кишвар омаданд. Хусусан аз он хушҳолам, ки падару модарон бо эътимоди бузург духтаронро ба лагерҳо мефиристанд. Дар басти аввал мо 75 духтари синни гуногунро қабул кардем, дар басти дуюм теъдоди онҳо боз ҳам бештар аст»,- гуфт директори лагер.
Тавре ки Нигина Ҷӯраева зикр кард, имсол нахустин бор барои истироҳат дар лагер кӯдакони ятим ва кӯдакон аз мактаб-интернат барои кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ ҷалб карда шуданд.
Ба гуфтаи директор, ғизо дар «Чайка» мувофиқи қоидаҳои аз тарафи Пажӯҳишгоҳи ғизои Ҷумҳурии Тоҷикистон коркардшуда пешниҳод карда мешавад. Кӯдакон 4 маротиба дар як рўз хӯрок истеъмол мекунанд, ки аз витаминҳо бой буда, мунтазам аз ҷониби хадамоти санитарӣ назорат карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки лагери «Чайка» дар яке аз гӯшаҳои зебоманзари дараи Варзоб воқеъ аст. Дар тамоми давраи тобистон наздики 50 нафар аз мутахассисони низоми маориф ва илм дар чор баст бо кўдакон ва наврасон кор мекунанд.


















ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






