Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон

Июнь 30, 2016 16:27

Душанбе, 30.06.2016 /АМИТ «Ховар» /. Дирӯз, 29 июн дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон мулоқоти Сафири Тоҷикистон Маликшо Неъматов бо Директори тозатаъйини иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаэл Ҳармс баргузор шуд.
Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо қаноатмандии худро аз муносибатҳои гуногунҷабҳаи дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон иброз дошта, омодагиро барои вусъати ҳарчи бештари ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ миёни ҳарду кишвар баён доштанд. Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон аз соли 1952 фаъолият менамояд ва яке аз вазифаҳои ин кумита мусоидат дар рушди ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Аврупои шарқӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамасола Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кумитаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар кишвари Олмон ҳамоишҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва форумҳо миёни соҳибкоронро ҷиҳати муаррифии захираю имкониятҳо ва фазои сармоягузории кишварамон, бад- ин васила ҷалби соҳибкорону сармоягузорони олмонӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баргузор менамояд.

Июнь 30, 2016 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст