Олимон муайян кардаанд, ки дар кадом рӯз одам аз хоб беҳтар сер мешавад

Июнь 30, 2016 15:28

Душанбе, 30.06.2016 /АМИТ «Ховар» /. Олимони  Британия муайян  кардаанд, ки рӯзҳои истироҳат барои аз хоб сер шудан мувофиқ нестанд. Тадқиқот оид ба ин мавзӯъ дар як маҷаллаи тиббӣ ба табъ расидааст.
Бино ба ақидаи олимон, нишондиҳандаҳои асосии сифати хоб имконияти ба зудӣ хобидан, хоби солим ва бедоршавии осон мебошанд.
Дар натиҷаи озмоиши 5000 нафар ихтиёрӣ  маълум шуд, ки хоби бештар судманд  хоби шаби сешанбе ба чоршанбе мебошад.
Ба гуфтаи олимон, маҳз дар ҳамин вақт одамон то дер сайру гашт намекунанд ва истеъмоли машруботу хӯроки серравғанро маҳдуд менамоянд. Дар ҳоле, ки дар рӯзҳои истироҳат ҳамаи ин омилҳо мушоҳида намешаванд.

Июнь 30, 2016 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид