«Салом ҳуҷҷати инсонии ман — Истиқлол», «Чашми охирбин тавонад дид рост…» — шарҳи матбуот
Душанбе, 30.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов, бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн, бо Раисҷумҳурии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ вохӯриҳо баргузор намуда, баҳри рушди бештари муносибатҳои неку созандаи ҳамсоягӣ ва шарикии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа, афзун намудани мубодилаи тиҷоратӣ, муборизаи муштарак бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир суҳбату гуфтушунидҳои судманд анҷом дод. Дар ин бора шумораи навбатии нашрияи «Ҷумҳурият» аз 25 июни соли равон (рақами 124) гузоришҳои муфассал нашр карда, аз чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ифтитоҳи маркази хизматрасонии «Амонатбонк» дар ноҳияи Рӯшон, ҳамоиш оид ба омӯзиши китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва дигар ҳаводиси рӯз хабарҳоро чоп намудааст.
Шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (26.06.2016 № 125) аз ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки рӯзи 24 июни соли равон дар шаҳри Тошканд баргузор гардида буд, хабари муфассал нашр кардааст. Саҳифаҳои дигари шумораи идонаи нашрия ба ҷашни Ваҳдати миллӣ, дастовардҳои иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ, ободкориҳову созандагиҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ бахшида шудааст. Идомаи мавзӯи Ваҳдати миллӣ дар 8 саҳифаи шумораи рӯзи душанбе нашршудаи «Ҷумҳурият» (27.06.2016, № 126-127) инъикос гардидааст. Дар саҳифаи аввал Паёми Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ нашр шудааст, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Бо итминони комил ва ифтихор изҳор медорам, ки ваҳдати миллӣ самараи талошҳои ватандӯстонаи хурду бузурги давлати тозабунёдамон ва хизмати таърихии халқи Тоҷикистон мебошад ва маҳз ба ҳамин хотир, мо вазифадорем, ки ин неъмати бебаҳоро ба мисли гавҳараки чашм азизу гиромӣ дорем ва ҳифзу нигаҳдорӣ намоем».
Хотиррасон бояд шуд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 25 то 28-уми июни соли равон – дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ бо сафари корӣ дар ВМКБ қарор дошт ва бо сокинони ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва шаҳри Хоруғ мулоқоту суҳбатҳои созандаву самимӣ баргузор намуд, дар ифтитоҳи як силсила иншооти маъмуриву сохтмонӣ ва хизматрасонӣ иштирок кард ва бо гузоштани санги асос ба сохтмонҳои наву муосир оғоз бахшид.
Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (29.06.2016, № 128) матни суханронии Президенти мамлакат дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, таҳти сарлавҳаи «Пешвои миллат: Асри ХХI асри Бадахшон хоҳад шуд!» ва суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ (санаи 27 июни соли равон дар шаҳри Хоруғ) бо сарлавҳаи «Ягонагӣ сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик аст» пешкаши хонандагон шудааст.
Шумораи навбатии нашрияи парлумонии «Садои мардум» (№№ 83-84 аз 30 июни соли 2016) сафари кории Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ВМКБ, ки рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ сурат гирифта буд, муфассал инъикос намуда, суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бо сарлавҳаи «Эмомалӣ Раҳмон: Дурустии мавқеъгирии моро гузашти айём собит намуд» пешкаши хонандагон кардааст. Ҳамчунин нашрия дар ин шумора аз баргузор шудани ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди ва ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раисии Ш.Зуҳуров хабарҳо чоп намудааст.
Нашрияи русзабони «Народная газета» ба мухлисони худ мақолаҳои «Олимовро 8 триллион доллар «фоида» интизор аст», «Бародарии дар оташ обутобёфта», «Туҳфа ба Тавилдара», «Сафири «бирешимӣ», «Дар мавҷҳои дӯстӣ» ва дигар хабару гузоришҳоро пешниҳод намудааст.
Минбари эҷодкорон «Адабиёт ва санъат» дар шумораи навбатии нашрия шеърҳои Рустами Ваҳҳобро таҳти номи «Салом ҳуҷҷати инсонии ман — Истиқлол», ҳикояи Сироҷиддин Икромӣ «Муҷозот», мақолаи А.Сатторзода «Чашми охирбин тавонад дид рост…», пажӯҳиши Б.Раҳимӣ «Ҳар куҷо ушшоқро дарди талаб манзур шуд», ҳамчунин шеърҳои шоири рус Афанасий Фетро дар тарҷумаи Бозор Собир дарҷ намудааст.
Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» мақолаи «Камбағалӣ айб аст?!»-ро нашр кардааст. Муаллифи мақола Ш.Эшонова мушкилоти иҷтимоии азалиро мавриди таҳлил қарор дода, андешаи коршиносро чунин овардааст: «Камбағалӣ дар ҷайбҳо ва дастархонҳо нест, балки камбағалӣ дар майнаҳои мо ҷойгир аст. Вақте инсон сарфакорона истифода кардани вақт ва дороии худро меомӯзад, ӯ ҳаргиз ба сатҳи камбизоатӣ намерасад. Рӯҳафтодагиву дилшикастагӣ ва ҳаросу беҷуръатӣ касро ба мақсуд намерасонад».
Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» таҳти унвони умумии «Ваҳдати миллӣ – падидаи нодири даврони Истиқлол» аз тантанаҳои ҷашнии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати бонуфуз аз тамоми минтақаҳои мамлакат бо намояндагони ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар фазои ифтихору фараҳмандӣ баргузор гардида буд, гузоришҳои муфассал бо аксҳо чоп кардааст. Ҳамчунин дар шумораи мазкури ҳафтанома ҳамоиши навбатии Созмони Ҳамкории Шанхай ва мулоқотҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор кишварҳои минтақа инъикос шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
КОНСТИТУТСИЯ — ИНЪИКОСКУНАНДАИ СУННАТҲОИ ПУРҒАНОВАТИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои ҳуқуқшинос Исмоил Абдуалимзода оид ба ҷанбаҳои таърихии ин санад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Данғара ҳамоиши идона доир шуд






