ТАҚХ «Фардо» ба фаъолият оғоз намуд

Июнь 24, 2016 15:51

Душанбе, 24.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқи моддаи 42-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва моддаҳои 14 ва 21-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2016, бинобар иваз шудани номи ҶДММ ТАҚХ «Музаффарият» ба ҶДММ ТАҚХ «Фардо» ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Фардо» барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.
Тавре ки  Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, иҷозатномаи мазкур ба ташкилоти номбурда ҳуқуқ медиҳад, ки дар фаъолияти худ ба ҷалби амонату пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, додани қарзи хурд, кушодану пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ, интиқоли маблағҳои пулӣ бо фармоиши муштариён, додани кафолат, қарордодҳои форвардӣ ва своп барои худ, амалиёти кассавӣ, амалиёти ҳисоббаробаркуниву мубодилавӣ ва барориши кортҳои пардохтии бонкӣ ва амалиёт бо онҳо машғул шавад.
Мутобиқи қарори мазкур иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ «Музаффарият» аз 3 декабри соли 2012 беэътибор хонда шуд.

Июнь 24, 2016 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд