Вусъати корҳои ободонӣ дар Ховалинг

Июнь 16, 2016 17:04

Ховалинг,16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои ободонию созандагӣ идома доранд. Дар ҳамин замина дар маркази ноҳияи Ховалинг бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ соҳибкорони маҳаллӣ бунёди боғи фарҳангию фароғатиро бо насби арғунчакҳои замонавӣ оғоз карда, то имрӯз 40 фоизи корҳои сохтмониро ба анҷом расонидаанд.
Тавре соҳибкор Ҷамшед Ҳабибуллоев иброз дошт, дар васли арғунчакҳо ва сохтмони боғи мазкур беш аз 20 нафар сокини маҳаллӣ ҷалб гардидаанд. Арғунчакҳоро мувофиқи нишондоди техникӣ устоҳои маҳаллӣ ҷо ба ҷо гузошта, насб мекунанд. Дар қисмати дигари боғ бунёди майдончаҳои варзишӣ низ ба нақша гирифта шудааст.
Ба гуфти соҳибкор қисмати аввали боғ дар рӯзи ҷашн ба истифода супорида мешавад. Баъди пурра ба истифода додани иншооти мазкур беш аз 40 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ мегарданд.

Июнь 16, 2016 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид