Ҳайати сарнишинони «Тоҷик Эйр» дар хориҷа тамрин намуданд

Июль 28, 2016 12:03

Душанбе, 28. 07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Се ҳайати  сарнишинони ширкати миллии ҳавонавардии  «Тоҷик Эйр» барои идораи ҳавопаймоҳои  «Боинг 757-200» ва «Боинг 737-300» дар Литва, Озарбойҷон ва Испания ба омӯзиш ва тамрин фаро гирифта шуданд.
Хайрулло Раҳимов, директори генералии ширкати ҳавонавардии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» мегӯяд, ки ин тадбир дар доираи  «Барномаи омодасозии  мақсадноки ҳайати парвозҳо» андешида шудааст. Ҳамзамон дар ин давра, беш аз 180  нафар роҳбаладон ва мутахассисони маҷмааи ҳавопаймоӣ-техникии «Тоҷик Эйр»  дар бахшҳои такмили ихтисос  ва забони  англисӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.
Ба иттилои роҳбарияти «Тоҷик Эйр», алҳол маҷмааи ширкат дорои 35 ҳавопаймо буда, аз он  26 ададаш дар ҳолати нигоҳдорӣ қарор доранд. Хайрулло Раҳимов афзуд, ки барои навсозии  парки ҳавопаймоӣ  роҳбарияти ширкат  пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Танҳо барои  нигоҳдории  коршоямии ҳавопаймоҳову чархболҳои ширкат, хизматрасонии  техникӣ, тармими ҷории онҳо ва  иваз кардани қисмҳои эҳтиётӣ 10,5 миллион  сомонӣ харҷ гардидааст.

Июль 28, 2016 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад