Ба хотири кишоварзи асил лавҳа гузошта шуд

Июль 1, 2016 15:23

Душанбе, 01.07.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи навбунёди деҳаи Зарбеди шаҳри Конибодом кӯчаи наве номи Набиҷон Иномовро дорад. Корманди шоистаи Тоҷикистон Набиҷон Иномов солҳои зиёд дар хоҷагии овозадори «Москва» заҳмат кашида, баъди Қаҳрамони меҳнат Энаҷон Бойматова зимоми корро ба даст гирифт ва шӯҳрати ҷамъияти саҳҳомии ба номи ин қаҳрамонзанро боз ҳам боло бурд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар рӯзи Ваҳдати миллӣ дар саргаҳи кӯчаи ба номи Набиҷон Иномов маросими пардабардорӣ аз рӯи лавҳаи ёдбуд баргузор шуд. Пардаро аз рӯи ин тахтасанг Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ ва кадбонуи хонадони Иномов- Дилбархон Иномова бардоштанд. Сипас, шаҳрдор дар бораи роҳи тайкардаи Набиҷон Иномов, фидокориҳои ӯ дар ҷодаи хидмат ба ҷомеа суханронӣ намуд. Қайд кард, ки зиндагинома ва кору пайкори ин деҳқони варзида мисоли барҷастаи садоқату меҳнатдӯстӣ буда, фаъолияти пурбаркати ӯ барои насли имрӯзу фардо шоистаи ибрат ва намуна ба шумор меравад. Ӯ тавассути кордониву масъулиятшиносӣ дар рушду пешрафти соҳаҳои гуногун-пахтакориву тухмипарварӣ, чорводорӣ, сабзавоту мева саҳми арзанда гузоштааст. Ҳамчунин, аз ободкориҳои устод ба мисли гузаронидани хатти гази табиӣ дар ҳудуди ҷамоат, сохтмони коргоҳҳои консервбарорӣ, истеҳсоли панир, макарон, коркарди хӯроки чорво, бунёди кӯдакистон бо фарогирии 140 нафар кӯдак ёдовар шуд.
Шаҳрдор изҳори боварӣ кард, ки сокинони сарбаланди ин маҳал тавассути кору фаъолияти некашон ҳамеша қадру манзалати ин деҳқони варзидаро гиромӣ медоранд.
Баъдан ҳамкорону ҳамсолон, шарикдарсон ва пайвандони Набиҷон Иномов аз ҳаёти ин марди шариф қиссаҳои ибратомӯз карданд.

Июль 1, 2016 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст