Ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3698 нафар дохил гардиданд

Июль 11, 2016 14:26

Душанбе, 11.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи нишондодҳои нақшаи қабули духтарон ва писарон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2016-2017 1221 ҷой ҷудо гардидааст,  зикр гардид дар нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз ҷумла, барои духтарон 625 ҷой ва барои писарон 596 ҷой ҷудо шудааст. Барои вилоятҳои Хатлон 497 ҷой,   Суғд 302 ҷой, Бадахшон 152 ҷой   ва барои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 270 ҷой ва ҳамчунин 200 ҷойи иловагӣ ба ихтисоси кори табобатии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўали ибни Сино ҷудо гардид.
Бо мақсади муайян намудани фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва ҷамъиятии донишҷўёне, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул шудаанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе санҷиш гузаронида шуд.
Санҷиш нишон дод, ки тайи се соли охир ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3698 нафар, аз ҷумла 1915 духтар ва 1783 писар аз 61 шаҳру ноҳияи кишвар тибқи суҳбат (беимтиҳон) ба ихтисосҳои соҳаҳои омўзгорӣ, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, техникию технологӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ дохил гардиданд.

Июль 11, 2016 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

12 август дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
11 август дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
«МЕЪМОР-2026». Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҷамъбаст шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли равғани растанӣ зиёд гардидааст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд