Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб таъмиру азнавсозӣ гардида истодааст
Кӯлоб, 30.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб дар нимаи дуюми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол бозиҳои хонагии худро дар майдони «Ҳосилот»-и Фархор мегузаронад.
Ин дар ҳолест, ки бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб таъмиру азнавсозӣ гардида истодааст. Дар айни замон корҳои азнавсозӣ дар ин варзишгоҳ бомаром идома дорад ва сохтмончиён умед доранд, ки таъмири варзишгоҳро пеш аз муҳлат ба анҷом расонанд.
Ба иттилои роҳбарияти клуби «Равшан»-и Кӯлоб барои мустаҳкам намудани ҳайати даста, айни замон ду нафар футболбозони собиқи «Равшан» Зариф Рустамов ва Бахтиёр Ҳасанов ҳамчунин Ҳимматулло Муллодӯстов аз дастаи «Барқчӣ» ба ҳайати даста даъват шудаанд ва онҳо умед доранд, ки натиҷаҳои ин дастаи овозадорро дар нимаи дуюми чемпионат боз ҳам баландтар мегардонанд.
Дар айни ҳол дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар шаҳри Норак зери роҳбарии мураббиён ба тамринҳои давраи омӯзишӣ фаро гирифта шуда, барои нимаи дуюми мавсими имсола омодагӣ мегиранд.
Ба иттилои сармураббии даста Иззатҷон Исҳоқов, дар доираи омодагиҳо ба нимаи дуюми чемпионат дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бо дастаи «Хайр»-и Ваҳдат як бозии дӯстона гузаронид, ки он бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






